Салом Нилуфарҷон.
Ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм.
Албатта ҳар зан дар орзуи хушбахтии оила аст.
Агар шумо аз нав оила барпо карданӣ бошед, шумо дар бораи издивоҷи дуюматон чӣ ақида доред? Зане бо номи Тамара, ки баъд аз се соли аз шавҳараш ҷудо шудан аз нав хонадор шуд, мегӯяд: «Вақте ки шумо бори аввал оиладор мешавед, фикр мекунед, ки издивоҷатон якумра хоҳад буд. Аммо дар издивоҷи дуюм шумо шояд чунин ҳиссиёт надошта бошед, чунки ҳамеша дарк мекунед, ки издивоҷи якуматон барҳам хӯрдааст».
Ба ҳар ҳол, бисёр касон аз издивоҷи дуюм хурсандии зиёд ва бардавом ёфтанд. Онҳо дар издивоҷи худ муваффақ гардиданд ва шумо низ муваффақ гашта метавонед! Чӣ тавр? Биёед ду душвории дар ин ҷониб паҳнгаштаро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр принсипҳо барои ҳалли онҳо ба шумо кӯмак карда метавонанд.
ДУШВОРИИ 1: ХОТИРАҲО АЗ ИЗДИВОҶИ ПЕШТАРААТОН БА ХУШБАХТИИ ИЗДИВОҶИ ҲОЗИРААТОН ХАЛАЛ РАСОНДА МЕТАВОНАНД.
«Ман наметавонам хотираҳои худро дар бораи издивоҷи якумам фаромӯш кунам, хусусан вақте ки мо ба ҷойҳое саёҳат мекунем, ки бо шавҳари пештараам барои дамгирӣ рафта будем»,— мегӯяд Элен, ки дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. «Баъзан беихтиёр чунин шуда мемонад, ки ман шавҳари ҳозираамро бо шавҳари пешинаам муқоиса мекунам». Аз тарафи дигар, агар ҳамсари шумо дар бораи ҳамсари аввалааш зуд-зуд гап занад, ин метавонад худи шуморо ранҷонад.
МАСЛИҲАТ: Интизор шудани он ки шумо ё ҳамсаратон дар бораи издивоҷи якуми худ тамоман фаромӯш мекунед, аз воқеият дур аст, хусусан агар он якчанд сол давом карда бошад. Масалан, баъзе одамон иқрор мешаванд, ки ҳамсарашонро нохост бо номи ҳамсари пешинаашон ҷеғ зада мемонанд. Шумо дар чунин ҳолат ё ҳолати ба ин монанд чӣ кор карда метавонед? Маслиҳат «ҳамдард» бошед, яъне ба ҳиссиёти дигарон бо фаҳмиш муносибат кунед.
Ба рашк дода шуда, ба ҳамсаратон дар бораи издивоҷи аввалааш сухан гуфтанро тамоман манъ накунед. Агар ҳамсари шумо ба сӯҳбат кардан оиди зиндагӣ бо ҳамсари аввалааш ниёз дошта бошад, бо фаҳмишу меҳрубонӣ ӯро гӯш кунед. Инчунин, саросемавор хулоса набароред, ки ӯ шуморо бо ҳамсари пештарааш муқоиса карда истодааст. «Зани ман Кейтлин ҳеҷ гоҳ ба мавзӯъ оиди зани пештараам чун ба чизи манъшуда муносибат намекард»,— мегӯяд Ян, ки 10 сол пеш, аз нав оиладор шуда буд. «Баръакс, занам ба ин чун ба имконияти фаҳмидани ҳаёти ман менигарист». Шумо низ метавонед ба чунин сӯҳбатҳо чун ба имконияти наздиктар шудан ба ҳамсари наватон нигоҳ кунед.
Диққататонро ба хислатҳои хуб ва мусбии ҳамсари ояндаатон равона кунед. Шояд ба ҳамсари мегирифтаатон баъзе хислатҳо ва қобилиятҳое, ки ҳамсари аввалаатон дошт, намерасанд. Аммо ҳамсари ҳозираатон эҳтимол аз дигар ҷиҳатҳо бартарӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, таҳкурсии издивоҷи худро на бо фарқ кардани яке бо дигаре, балки бо мулоҳиза рондан ва қадр кардани он чизе, ки дар ҳамсаратон ба шумо маъқул аст, мустаҳкам кунед. Марде бо номи Эдмонд, ки ду маротиба оиладор шудааст, чунин қайд мекунад: «Чӣ тавре, ки дӯстӣ бо ду шахс аз ҳам фарқ мекунад, ҳамин тавр ду издивоҷ низ як хел намешавад».
Чӣ бояд кард, то ки хотираҳои хуб аз издивоҷи пештараатон ба ҳаёте, ки шумо бо ҳамсари наватон сар карда истодаед, халал нарасонанд? «Боре ман ба занам фаҳмондам, ки издивоҷи аввалаи ман мисли як китоби зебое буд, ки аз тарафи ману зани пештараам навишта шудааст»,— мегӯяд Ҷеред. «Як-як ман метавонам ин китобро кушода хонам ва оиди воқеаҳои хуби он мулоҳиза ронам. Аммо ман дар он китоб зиндагӣ намекунам. Зеро ҳоло ману ҳамсарам якҷоя китоби худамонро навишта истодаем ва ин аст он ҷое ки ман ҳоло хурсандона зиндагӣ дорам».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Аз ҳамсаратон пурсед, ки агар гап дар бораи ҳамсари пешинаатон равад, оё ӯ худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Муайян кунед, ки дар кадом мавридҳо беҳтар мебуд, ки оиди издивоҷи аввалаатон гап назанед.
ДУШВОРИИ 2: МУОШИРАТ БО ДӮСТОНИ ПЕШИНА, КИ БО ШУМО Ё ҲАМСАРИ НАВАТОН НОШИНОСАНД, МУШКИЛ БУДА МЕТАВОНАД.
«Чанде пас аз оиладор шудани мо, занам ҳис кард, ки баъзе дӯстони ман ӯро дар дили худ баҳо медоданд»,— мегӯяд Хавер, ки баъди шаш соли ҷудошавиаш аз нав хонадор шуд. Шавҳаре бо номи Лео бо вазъияти дигаре рӯ ба рӯ гашт. Ӯ нақл мекунад: «Баъзеҳо ҳатто дар ҳузури ман ба занам мегуфтанд, ки то чӣ андоза шавҳари аввалаи ӯро дӯст медоштанд ва вайро ёд кардаанд!»
МАСЛИҲАТ: Кӯшиш кунед, ки худро ба ҷои дӯстонатон гузоред. «Ман фикр мекунам, ки барои дӯстони пешина муошират бо рафиқи худ, ки акнун ҳамсари дигар гирифтааст, баъзан вақт хеле дардовар ва ногувор аст»,— мегӯяд Ян, ки дар боло дар борааш гуфта будем. Барои ҳамин, бомулоҳиза бошед ва «ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор» намоед. Ба дӯстонатон ва оилаатон барои одат кардан вақт диҳед. Бо дигар шудани издивоҷи шумо доираи дӯстонатон низ дигар шуда метавонад. Хавер, ки дар борааш дар боло гуфтем, мегӯяд, ки бо гузашти вақт ӯ ва занаш муносибатро бо дӯстони пешина аз нав барқарор карданд. Ӯ илова мекунад: «Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки чун ҷуфт дӯстони нав пайдо кунем ва ин низ ба мо кӯмак мекунад».
Вақте ки шумо бо дӯстони пешина вақт мегузаронед, хуб мебуд, ки оиди ҳиссиёти ҳамсаратон фикр кунед. Масалан, агар ҳангоми муошират кардан гап дар бораи издивоҷи аввалаатон равад, дар сухан боэҳтиёт ва бомулоҳиза бошед, то ки ҳамсари наватон худро аз давра берун ва бегона ҳис накунад. Бузургон фармудаанд: агар шахс фикр накарда сухан ронад, ин метавонад «мисли зарби шамшер» бошад, «вале забони хирадмандон офият мебахшад».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Муайян созед, ки кадом мавридҳо шумо ё ҳамсаратонро дар ҳолати ногувор гузошта метавонанд. Ва пешакӣ муҳокима кунед, ки ба саволҳое, ки дӯстонатон оиди издивоҷи аввалаи шумо медиҳанд, чӣ гуна ҷавоб додан беҳтар аст.
Бисёр касоне, ки дуюмбора издивоҷ кардаанд, хушбахтанд ва шумо низ хушбахт буда метавонед. Охир, назар ба он вақте ки шумо бори аввал издивоҷ карда будед, эҳтимол ҳоло шумо худро хубтар мешиносед. Эндрю, ки дар борааш аллакай гуфта будем, мегӯяд: «Ман дар издивоҷ бо Райли тасаллои беинтиҳо меёбам. Дар муддати 13 соли оиладорӣ, мо бо ҳам муносибати хеле наздик пайдо кардем, ки онро ҳеҷ гоҳ аз даст додан намехоҳем».
АЗ ХУД ПУРСЕД...
▪ Кадоме аз хислатҳои ҳамсарам ба ман хусусан маъқуланд?