Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалому алейкум. Агар ба ман гапи ночо зананд, зуд асабони мешавам. Вақте, ки сабр мекунам якчанд соат ба худ намеоям ва боз дар ҳамин ҳолат дилам ҳам дард мекунад ва чи кор кардани худро намедонам. Баъдан зуд чои ороми ва танҳои мекобам ва худ ба худ гап мезанам, то худамро ором кунам! Дар ин маврид ба ман чи тавсия медиҳед?

Ассалом Махмадулло.

Барои бартараф намудани асабоният чӣ бояд кард:

Машғулияти дӯстдоштаи худро пайдо кунед.

Чунки шуғли дӯстдошта барои стресси дар давоми рӯз ҷамъшуда ва аз фикрҳои васвосӣ халос шудан кӯмак мекунад. Хусусан, агар сабаби асосии асабонияти шумо кор бошад.

Машқҳои нафаскашӣ кунед.

Бояд чуқур нафас кашед, нафасро каме дар худ нигоҳ дошта, баъдан онро бароред. Ин машқро 3-5 дақиқа иҷро кунед. Чунин машқ барои аз фикрҳои нолозим халос шудан, кӯмак мекунад. Ба таври навбатӣ гурӯҳҳои гуногуни мушакҳои баданро таранг кунед ва сипас мулоиму ором кунед: аз рӯй то ангуштони пой. Ин машқ барои зуд ором шудан ва бартарафкунии стресс кӯмак мекунад.

Мулоҳиза кунед.

Дар як тадқиқот, пас аз як сессияи 8-ҳафтаинаи медитатсия, ҳамшираҳои шафқат 40% коҳиши ҳоли стресси кориро ҳис карданд.

Бо касе сӯҳбат кунед.

Хусусан, бо шахсони аз як чизи шабеҳ гузашта бошанд, асабонии шуморо коҳиш медиҳанд ва шумо худро беҳтар ҳис мекунед.

Фикрҳои худро нависед.

Вақте ки шумо гап зада наметавонед, фикрҳои ғамгинро ба коғаз гузаронед - ин барои ором шудан кӯмак мекунад.

Бо варзиш машғул шавед ва дар табиат бештар вақт гузаронед.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки машқ ва сайругашт дар табиат стрессро то андозае бартараф мекунад ва асабҳоро ором мекунад. Инро мунтазам, ҳадди аққал 2-3 маротиба дар як ҳафта анҷом диҳед.

Бо эҳтиром,

равоншиноси МД «МЧ ВНМО»--

Чураева Ризвона

Душанбе, Точикистон

Тел. моб. +992 935 039 886

       кори +992 234 33 43


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.