Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Мехостам фаҳмам, оё хатари сироят шудани ВНМО ба аҳли хонаводагиҳояшон ҳаст? Бо онҳо чӣ хел муносибат кунем? Аз муоишрати доимӣ бо онҳо мо гирифтори ин беморӣ намегардем?

Салом Шарофатҷон. Шахси гирифтори ВНМО бояд доимо, мувофиқи таъиноти духтур ва бо миқдори муайяну дар вақти муқараршуда доруҳои зиддиретровирусиро қабул намояд. Табобат афзоиши вирусро боздошта, ба бадани шахси сироятшуда зарар намерасонад ва имконият медиҳад, то шахс худро солиму бардам ҳис намояд. Агар вай пайравӣ ба табобатро риоя менамояд, пас ба ҷомеа, алалхусус ба аҳли хонавода зарар намерасонад.  Ин вирус ба воситаи муошират, бӯса, шину хез, дастфишурдан, неш задани ҳашарот, ҳангоми истифодаи зарфҳои умумӣ, ба оғӯш гирифтан намегузарад.

Шумо чӣ тавр бо ҳама муносибат мекунед, бо чунин шахсон ҳам ҳамин тавр рафтор намоед. Хирадмандон фармудаанд: «Пас, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед». Нисбати онҳо муносибати таҳаммулпазирӣ (толерантное отношение) дошта бошем.

Бо эҳтиром,

равоншиноси МД «МЧ ВНМО» --
Чураева Ризвона

Душанбе, Точикистон

Тел. моб. +992 935 039 886

        кори +992 234 33 43


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.