Салом Шаҳнозаҷон.
Шумо шахси наздикатонро аз даст додаед ва чунин ҳиссиёт ба шумо шинос аст. Гум кардани ҳамсар, хешу табор ё дӯсти наздикамон чунон дарди сахт аст ки, ҳеҷ дарди дигар ба он баробар шуда наметавонад. Олимоне, ки ҳолати мотамзадагонро меомӯзанд, бо ин фикр розиянд. Масалан, дар як маҷаллаи равоншиносӣ гуфта шудааст, ки «марги шахси наздик дарди сахттарину давомноктарин аст» («The American Journal of Psychiatry»). Дар сари одами мотамзада чунин саволҳо пайдо шуда метавонанд: «Дарди ман кай сабуктар мешуда бошад? Оё ман аз нав хушбахт мешавам? Аз куҷо тасаллӣ ёбам?»
Баъзе равоншиносон мегӯянд, ки якчанд марҳилаи мотамзадагӣ вуҷуд дорад, вале ҳар кас онро ба таври худ паси сар мекунад. Агар ҳар кас ҳар хел мотам гирад, оё ин маънои онро дорад, ки баъзеҳо камтар ғамгин мешаванд ё ҳиссиёташонро пахш мекунанд? Не, албатта. Ҳарчанд ба дарди ҷудоӣ тан додан ё ҳиссиёти худро пинҳон накардан ба одам ёрдам мекунад, ки тезтар ба худ ояд, ин ягона роҳи дурусти мотам гирифтан нест. Бисёр чиз ба маданият, шахсият, таҷрибаи ҳаётии шахси мотамзада ва чӣ гуна ӯ шахси наздикашро аз даст дод, вобаста аст.
Баъзан шахс ҳатто пай намебарад, ки то чӣ андоза марги шахси наздикаш ба ӯ таъсир карда метавонад. Лекин баъзе ҳиссиёту душвориҳои табиие ҳастанд, ки одатан ҳама мотамзадагон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Одами мотамзада метавонад гиря кунад, шахси вафоткардаро ёд кунад ва рӯҳияаш тез-тез дигар шуда истад. Хотираву хобҳо ғами одамро дучанд карда метавонанд. Аммо дар аввал одам ҳайратзада мешавад ва ба марги шахси барояш наздик бовараш намеояд. Зане, ки шавҳарашро ногаҳон аз даст дод, дар бораи ҳиссиёташ чунин мегӯяд: «Ман шах шуда мондам. Дар аввал ҳатто гиря карда наметавонистам. Ман чунон рӯҳафтода будам ки, ҳатто нафас кашидан бароям душвор буд. Боварам намеомад, ки ҳамаи ин бо ман рӯй дода истодааст».
Ӯ зиқу ноумед мешавад ва худро нодаркор ҳис мекунад. Ҳамчунин шахс метавонад камгап, одамгурез ва хотирпарешон шавад. Ба сари одам фикри худкушӣ меояд ва ё ҳатто ин корро карданӣ мешавад. Дигар нишонаҳои онро аз рӯи илми тиб фаҳмонда намешавад. Вақте мутахассисон мехоҳанд фаҳманд, ки оё одам депрессия дорад ё не, онҳо яку якбора ба якчанд нишонаҳо диққат медиҳанд. Онҳо ба нишонаҳое диққат медиҳанд.
Агар шумо гирифтори депрессия шуда бошед, аз пайи саломатиатон шавед. Кӯшиш кунед, ки хӯроки фоиданок хӯред, дар вақташ хоб равед ва машқ кунед. Вақте одам машқ мекунад, баданаш моддаҳои химиявие ҷудо мекунад, ки ӯро хушҳол мекунанд, қувват мебахшанд. Агар мо машқ кунем, хобамон нағз мебарад. Агар мумкин бошад, кӯшиш кунед ва фаҳмед, ки чӣ шуморо зиқ мекунад ва нишонаҳои аввали депрессияро пай баред. Баъд нақша тартиб диҳед, ки чӣ кор мекунед. Дилатонро ба касе, ки ба ӯ бовар доред, холӣ кунед. Бо ёрии аъзоёни оила ва дӯстони меҳрубон ба шумо бо депрессия мубориза бурдан осонтар мешавад. Шояд ҳатто баъзе нишонаҳои депрессия гум шаванд. Фикру ҳиссиётатонро дар рӯзномаатон нависед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ба зиндагӣ бо чашми умед нигаред.
Бисёриҳо барои фаромӯш кардани дардашон худро бо ягон кор пурра банд месозанд. Дӯстони нав пайдо кунед, бо дӯстони пештараатон бештар муошират намоед, ягон чизи навро ёд гиред ё дам гиред. Ин корҳо каме бошад ҳам, дардатонро сабук мекунанд. Бо гузашти вақт шумо мувозинатро нигоҳ дошта дуруст истифода бурдани вақтро ёд мегиред. Шояд, шумо пай баред, ки ғаму дардатон камтар шудааст ва ин раванди табиии барқароршавӣ аст.
«Ҳар чиз вақту соати худро дорад... Вақте барои гиристан ва вақте барои хандидан, вақте барои нолидан ва вақте барои рақсидан».
Вақте аз рӯйи реҷа амал мекунед (хоб, кор ва машғулиятҳои дигар), шумо тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардед. Бо корҳои фоидабахш машғул шудан ба шумо кумак мекунад, ки дарду ғаматонро фаромӯш кунед.
Ба бисёриҳо кардани корҳое, ки хотираҳояшонро дар бораи шахси азизашон зинда нигоҳ медоранд, ёрдам мекунад. Шумо метавонед суратҳо ё чизҳои он шахсро ҷамъ оред ё дар дафтаре хотираҳоеро нависед, ки фаромӯш кардан намехоҳед. Чизҳоеро, ки хотираҳои ширинатонро зинда мегардонанд, нигоҳ доред ва баъдтар, вақте хоҳиш пайдо шавад, онҳоро аз назар гузаронед. Ақаллан як-ду рӯз ба ягон ҷо равед, масалан ба кӯҳ ё осорхона ё пиёда сайругашт кунед. Ҳатто вақте ба ҳаёти муқаррариятон каме дигаргунӣ медароред, ин ғаму ташвишатонро кам мекунад.
Дар хотир доред, ки ба дигарон ёрдам дода шумо ба худатон кумак мекунед. Дар аввал шумо метавонед касонеро, ки аз марги шахси наздикатон ғам мехӯранд, масалан дӯстону хешовандонатонро, дастгирӣ кунед. Вақте дигаронро дастгирию дилбардорӣ мекунед, аз нав хурсанд мешаведу ҳаётатон пурмазмун мегардад. «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад». Ғаму дард кумак мекунад, то фаҳмем, ки чӣ дар зиндагӣ муҳимтар аст. Дар вазъияти нав фикр кунед, ки ҳаётатонро ба чӣ сарф кардан мехоҳед. Агар лозим ояд, ба ҳаётатон дигаргунӣ дароред.
1. Ниёзатонро ба назар гирифта муайян кунед, ки чӣ қадар вақтро бо дигарон мегузаронеду чӣ қадар вақтро дар танҳоӣ.
2. ХӮРОКИ СОЛИМ ХӮРЕД ВА БО ВАРЗИШ МАШҒУЛ ШАВЕД. Хӯроки солим хӯред, ба таври кофӣ об нӯшед ва машқи ҷисмонӣ кунед.
3. АЗ ХОБ СЕР ШАВЕД
Аз хоб сер шудан барои тоб овардан ба дарди ҷудоӣ кумак мекунад.
4. ФАҲМЕД, КИ ЧӢ БАРОИ ШУМО БЕҲТАР АСТ.
Дар хотир доред, ки ҳар кас ба таври худ месӯзад. Бояд аниқ кунед, ки ба шумо маҳз чӣ кумак карда метавонад.
5. АЗ ОДАТҲОИ БАД ДАСТ КАШЕД. Аз нӯшокиҳои спиртӣ, нашъа, ё ҳар гуна доруҳо суиистифода набаред, аз ин аҳволатон бадтар мешавад.
6. ВАҚТАТОНРО ДУРУСТ ИСТИФОДА БАРЕД.
Кӯшиш кунед, ки бо дӯстонатон муошират намоед ва барои дамгирӣ низ вақт ҷудо кунед.
7. АЗ РӮЙИ РЕҶА АМАЛ КУНЕД.
Реҷаи хуб кумак мекунад, ки тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ баргардед.
8. ҚАРОРҲОИ МУҲИМРО САРОСЕМАВОР НАБАРОРЕД.
Пеш аз баровардани қарорҳои муҳим як сол ё аз ин зиёдтар интизор шавед, то ки баъд пушаймон нашавед.
9. ХОТИРАҲОРО ЗИНДА НИГОҲ ДОРЕД.
Суратҳо ё чизҳои шахси азизатонро ҷамъ оред ё дар дафтаре хотираҳоеро нависед, ки фаромӯш кардан намехоҳед.
10. БА ЯГОН ҶО РАВЕД.
Ақаллан як рӯз ё якчанд соат ба ягон ҷо равед.
11. БА ДИГАРОН КУМАК КУНЕД.
Ба дигарон, хусусан ба наздикони мотамзадаатон, дасти ёрӣ дароз кунед. Ҳамин тавр шумо ба худатон кумак мекунед.
12. АЗ НАВ ДИДА БАРОЕД, КИ ЧӢ ДАР ҲАЁТАТОН МУҲИМ АСТ.
Дар вазъияти нав фикр кунед, ки ҳаётатонро ба чӣ сарф кардан мехоҳед. Агар лозим ояд, ба ҳаётатон дигаргунӣ дароред. Дар асл, дарди шуморо ҳеҷ чиз пурра бартараф карда наметавонад. Лекин бисёриҳо аз таҷрибаи худ фаҳмиданд, ки ба кор бурдани ин маслиҳатҳо дарди ҷудоиро сабук карда метавонад. Албатта, боз дигар маслиҳатҳое ҳастанд, ки ба шумо кумак карда метавонанд. Вале, агар шумо ақаллан баъзе аз ин маслиҳатҳоро ба кор баред, тасаллӣ меёбед.