Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Чаро аз ояндаи худ метарсам? Аз касе, ки дӯсташ медорам метарсам? Гарчанде ӯ хубу меҳрубон ҳаст боре сухани бад бароям нагуфтаст.

Салом. Агар шумо аз сабаби душвориҳо ба ваҳму тарс афтед ва сахт зиқ шавед, метавонед рӯҳафтода шавед. Аз ҳад зиёд ташвиш нахуред, чунки ҳар рӯз ташвиши худро дорад. Агар шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро карда бошед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ором шуда фикру ҳиссиётҳои нодурустро аз худ дур созед.
Ташвиши аз ҳад зиёд мушкилиро ҳал намекунад. Ҳар рӯз ташвиши худро дорад, барои ҳамин набояд ба ташвиши имрӯза, ташвиши гузаштаву ояндаро илова кунем. Агар мо аз рӯи чунин маслиҳат амал кунем, ташвишу ғами худро камтар намуда сабукӣ ҳис мекунем.
Баъзан шуморо вазъияти ҳозира ташвиш дода метавонад. Нагузоред, ки ғаму ташвишҳо шуморо шикананд. Барои паси сар кардани ин вазъиятҳо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва ғаму ташвишатонро ба Худо супоред.
Дар бораи душвориҳои оянда ғам хӯрдан бефоида аст. Барои ҳамин шумо набояд дар бораи воқеаҳое ки ҳоло рӯй надодаанд, ғам хӯред. Чаро? Чунки одатан он чизҳое, ки мо фикр мекунем, рӯй намедиҳанд. Ғайр аз ин вазъияте нест, ки ҳалнашаванда бошад. Баръакс, агар тарсу ҳарос 10 % бошад, боқимонда 90% - ро мо худамон бар болои он зам мекунем. Ва дар чунин ҳолат вазъиятро аз будаш бадтар месозем.
Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ором шуда фикру ҳиссиётҳои нодурустро аз худ дур созед. Китобҳои панду насиҳатомезро хонед, ки бо ёрии он мо ғаму ташвишамонро паси сар, камтар ва ё умуман бартараф карда метавонем. Вай ба шумо қувват ва тароват бахшида метавонад. Вақте дар бораи чизҳои хондаатон пайваста мулоҳиза ронда фикр мекунед, ки чӣ тавр дар ҳаёт ба кор бурда метавонед, ин шуморо қавитар мегардонад, дилшикастагонро ором мекунад, заифонро қавӣ, рӯҳафтодагонро бошад, тасаллӣ медиҳад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.