Салом мӯҳтарам Сафар.
Оё муносибати байни шумову ҳамсаратон хунук шудааст? Оё шумо издивоҷатонро бори гарон меҳисобед ва оё ин шуморо аз хурсандӣ маҳрум месозад? Агар чунин бошад, шумо эҳтимол, афсӯс мехӯред, ки муносибати гарме, ки бо ҳамсаратон доштед, хунук шудааст. Вазъияте, ки ба миён омадааст, шояд шуморо сахт ба ташвиш оварда, ғамгин созад. Илтимос, ҳатто дар чунин ҳолат, фикр накунед, ки вазъияти шумо беилоҷ аст. Шумо низ метавонед дар издивоҷатон боз ҳам хушбахт гардед. Ин чӣ тавр имконпазир аст?
Якум, аз амалҳое, ки издивоҷ зарар дида метавонад, бояд канорагирӣ намоем. Дуюм, қадамҳоеро бояд гузорем, ки пайвандҳои оилавиатонро мустаҳкам гардонда тавонад.
Шояд ҳамсаратон қувват мепурсад, то ки ба ҳамааш сабру тоқат кунад. Фурӯтанона аз ҳамсаратон пурсед: «Суханони ман ба ту чӣ гуна таъсир мекунанд? Ҳамсарон бояд эҳтиёт бошанд, то ки ба ҳиссиёти якдигар рӯирост таъсири дарднок нарасонанд.
Онҳое ки на бо ҳамсари худ, балки бо дигар кас алоқаи ҷинсӣ мекунанд, нисбати қонунҳои ахлоқӣ беҳурматии сахт зоҳир менамоянд. Имрӯз бисёриҳо дар хиёнати ҳамсарӣ ягон нодурустиро намебинанд. Аммо ақидаи одамон набояд ба нуқтаи назари шумо таъсир расонад.
Тасаввур кунед ки издивоҷ — ин хона аст. Суханони меҳрубононаву рафторҳои боодобона ва диққату таваҷҷӯҳи ҳамсарон ба якдигар — ашёҳое мебошанд, ки хонаро зебу зинат медиҳанд. Агар шумо муносибати наздик дошта бошед, издивоҷатон ба хонае монанд аст, ки он бо зебу зинат, оро додашуда ва бароҳат гаштааст. Агар муҳаббататон сард шудан гирад, он гоҳ ин зебу зинат бо мурури вақт нест мешавад ва издивоҷи шумо чун хонаи бе зебу зинат, бенур мегардад.
Ба худ савол диҳед: ҳамсарам кадом хислатҳои хуб дорад ва чӣ тавр ман миннатдориамро ба ӯ баён карда метавонам? Оё ман кӯшиш мекунам, ки фикру ҳиссиёти ҳамсарамро фаҳмида, бо ин ба ӯ ҳурмати худро нишон диҳам? Оё ман тайёрам, ки ба камбудиҳои ҳамсарам диққат надиҳам? Кай ман охирин бор ба ҳамсарам изҳори муҳаббат карда будам?
Ба завҷаатон гуфтаниам, метавонанд боз як бори дигар ба гинеколог муроҷиат намоянд. Рақами духтури занона: Ватанова Нигора- 988331152.
Бо эҳтиром, Ризвона.