Салом. Наврасе рӯирост бар зидди волидонаш исён мебардорад ва идоранашаванда метобад. Фаҳмидани он ки чаро баъзе кӯдакон саркаш мешаванду дигарашон не, — баъзан ҳатто дар ҳамон як хонавода,— мушкил буда метавонад. Агар падару модар дарк намоянд, ки яке аз фарзандонашон ба як саркаши ашаддӣ мубаддал мешавад, онҳо чӣ кор карда метавонанд?
Ба таври содда бигӯем, саркаш шахсест, ки қасдан, якравона ва қатъан ба ҳокимияти боло итоат намекунад ё бар зидди он исён менамояд. Бинобар ин, ҳамаи кӯдакон вақт аз вақт ба волидон ё ягон ҳокимияти дигар муқобилият мекунанд. Ин бахусус ба давраи инкишофи ҷисмию равонии кӯдак — ба синни наврасии ӯ хос аст. Тағйирот дар зиндагии дилхоҳ одам изтироб ба вуҷуд меорад, ҳаёти наврасӣ бошад, пур аз тағйирот аст. Духтар ё писари наврас аз даврони бачагӣ ба роҳи камолот қадам мениҳад. Аз ин сабаб, тӯли айёми наврасии фарзандон баъзан байни онҳову волидонашон ихтилофот пайдо мешаванд. Одатан падару модарон беихтиёрона мехоҳанд, ки равиши ин давраро суст кунанд, наврасон бошанд, саъй менамоянд, ки онро суръат диҳанд.
Навраси саркаш аз арзишҳое, ки барои волидонаш қадр доранд, рӯй мегардонад. Вале дар хотир доред, ки чанд рафтори гапнодароӣ ҳанӯз исён нест. Чун падар ё модар, ба бачаатон саросема тамғаи “саркаш”–ро назанед. Аслан, ҳаёт нишон медиҳад, ки фақат шумораи ками наврасон саркашии ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Агар волидон фарзандони худро таълим надиҳанд, огоҳ ва муҳофизат накунанд, ба чунин саркашӣ бурда мерасонад. Фишори ҳамсолон низ ба ин мансуб аст.
Сабаби дигари саркашӣ муҳити оила буда метавонад. Масалан, агар яке аз волидон майхора ё нашъаманд бошад ё ба ҳамсараш зӯроварӣ кунад, назари наврас ба ҳаёт мумкин аст нодуруст инкишоф ёбад. Ҳатто дар хонаҳои нисбатан ором, агар наврас эҳсос кунад, ки падару модар аз ӯ парвое надоранд, исён рӯй дода метавонад. Вале саркашии наврасон на ҳамеша бо сабаби таъсири беруна аст. Баъзе бачаҳо ба арзишҳои волидони худ пушт мегардонанд, гарчанде ки падару модарашон шахсони то ҳадди зиёде фарзандонро аз таъсири бади дунёи атроф ҳифз кардаанд.
Чизи дигаре, ки наврасонро ба саркашӣ бармеангезад, назари нодурусти волидон ба тарбияи кӯдак аст. Баъзе аз волидони бовиҷдон дар танбеҳу маҳдуд намудани фарзандон сахтгирии аз ҳад зиёд мекунанд. Дигарон бошанд, ҳидояти лозимаеро, ки наврасони бетаҷрибаи онҳоро ҳифз карда тавонанд, намедиҳанд. Нигоҳ доштани мувозинати дуруст дар байни ин ду ҳадд на ҳамеша осон аст. Ва кӯдакони гуногун ниёзҳои гуногун доранд. Яке шояд назар ба дигаре ба назорати бештар эҳтиёҷ дошта бошад.
Баъзе падару модарон муҳаббатро аз сустгирӣ фарқ намекунанд ва қоидаҳои аниқ, мантиқан асоснок ва оқилонаро муқаррар ҳам наменамоянду риояашонро талаб ҳам намекунанд. Маҳдудиятҳои ҳаматарафа санҷидашуда ба наврасон ҳам имконияти инкишоф медиҳанд ва ҳам онҳоро аз бадӣ эмин медоранд. Вале муҳите, ки бачаҳо зиндагӣ мекунанд, набояд чунон сахтгирона ва маҳдудкунанда бошад, ки ба қадри кофӣ инкишоф ёфтани эҳсоси эътимод ба худу қувваи худро дар онҳо халал расонад. Агар падару модарон бикӯшанд, ки дар байни ба қадри кофӣ додани озодӣ ва маҳдудиятҳои қатъиву равшан муқарраркарда мувозинати дуруст нигаҳ доранд, аксари наврасон камта́р ба саркашӣ майл хоҳанд кард.
Агар тӯли ин давраи гузариш наврасатон гоҳ–гоҳ якравӣ намояд, ё хоҳиши ҳамкорӣ бо шумо надошта бошад, ҳайрон нашавед. Принсипи «он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид», на фақат ба калонсолон, ба наврасон низ дахл дорад. Бачаҳоро наметавон як умр муҳофизат намуд. Лекин агар фарзандатон кори тамоман аз одоб берунро анҷом доданӣ шавад, шумо бояд «не» гӯед. Ва гарчанде ки метавонед сабаби инро фаҳмонед, чизе набояд «не»–и шуморо ба «ҳа» табдил диҳад. Дар ҳар сурат, орому оқилона «не» гӯед, зеро ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад.
Ҳамчунин наврасон боварии арзандаеро, ки волидон нисбаташон зоҳир менамоянд, қадр мекунанд.
Падару модаронро донистани он ки агар дар хонадон оромиву субот ва муҳаббат ҳукмфармо бошанд, одатан бачаҳо чун гул мешукуфанд, осудагии хотир мебахшад. Ҳатто аз оилаҳое, ки муҳити баде бо сабаби майхорагӣ ё зӯроварӣ ё ягон таъсири нохуби дигар доштанд, баъзе бачаҳо чун шахсони хубе ба камол расиданд. Аз ин рӯ, агар наврасони шумо дар хона амният эҳсос кунанд ва донанд, ки онҳо дар он ҷо муҳаббат, ҳамдардӣ ва таваҷҷӯҳ мегиранд, ҳатто дар сурате ки ғамхориатон бо маҳдудиятҳои оқилона ва ҷорикунии интизом ҳамроҳ шавад,— ба эҳтимоли зиёд аз фарзандонатон шахсоне ба камол мерасанд, ки боиси фахри шумо хоҳанд шуд.
Муносибати волидон ба ҳолате, ки бача хато карда, ба нохушие дучор мегардад, бояд чӣ гуна бошад? Дар ин вазъ наврас бахусус ба кӯмак эҳтиёҷ дорад. Агар волидон ба назар гиранд, ки бо навраси бетаҷриба сарукор доранд, барояшон мубориза бо майли тундиву воҳимаи аз ҳад зиёд кардан осонтар хоҳад шуд. Волидон низ ба навраси кӯтоҳандешона ба иштибоҳ роҳдода ба ҳамин тариқ муносибат карда метавонанд. Вақте падару модар ба ӯ мефаҳмонанд, ки чаро рафтораш хато асту чӣ гуна аз такрори он парҳез кардан мумкин аст, онҳо бояд ба бача равшан нишон диҳанд, ки на худи ӯ, балки рафторашро бад меҳисобанд.
Дар оила масъулияти кӯмак ба навраси гуноҳкарда бар зиммаи волидон аст. Мушкилии ҷиддие, ки ба сари фарзанд меояд, барои волидон хеле дардовар аст. Аз ошуфтагӣ шояд дар падару модар хоҳиши ба бачаи худсарашон ғазабона таҳдид кардан пайдо гардад, аммо ин амал ӯро бештар ба хашм меорад. Бикӯшед, ки бемулоҳиза амал нанамоед ва бо гуфтор ё рафторе барои фарзандатон роҳи бозгашт ба шуморо мушкил накунед. Аз қаҳру ғазаби боздоштанашавандаву талхзабонӣ парҳез намоед. Умеди худро зуд гум накунед. Ба бадӣ нафрат намоед, аммо дар айни ҳол нисбати фарзандатон бераҳму сангдил набошед. Муҳимтар аз ҳама, волидон бояд барои намунаи хубе ба фарзандон будан ҷаҳд кунанд.
Хонаводаатон ба муҳофизату назорати минбаъдаи шумо ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба нигоҳ доштани маҳдудиятҳои аниқ муайяншудаву дар айни ҳол оқилонаи рафтор давом диҳед. Бо фарзандони дигар муошират намоед. Ба кору бори онҳо дар мактабу ҷамъомад таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Ҳамчунин, ба онҳо нишон диҳед, ки гарчанде рафтори фарзанди саркаш писандатон нест, ба худи ӯ шумо нафрат надоред. Рафтори бади фарзандро маҳкум кунед, на ӯро. Агар шумо ҳар кори чун волид аз дастатон меомадаро анҷом додед ва то оне ки аз дастатон омад, иҷро кардед, ба худтанқидкунии беасос дода нашавед. Бигзор шуморо донистани он ки касе падар ё модари комил шуда наметавонад ва шумо то ҳадди имкон барои волиди хуб будан ҷаҳд кардед, тасаллӣ диҳад. Доштани фарзанди саркаш дар хона — озмоиши сахтест ва агар шумо дар чунин ҳолат ҳастед. Бинобар ин, қатъан қарор диҳед, ки хонадонро чун як ошёни рӯҳонии бехатаре барои бақияи фарзандон нигаҳ хоҳед дошт.
Беш аз ин, шумо ҳаргиз набояд умедатонро гум кунед. Ҷидду ҷаҳде, ки шумо пеш дар таълиму тарбия карда будед, шояд билохир ба дили фарзанди исёнкор таъсир расонад ва ӯро ба худ орад.
Фарзандеро, ки бе кӯмак мондааст, рӯҳияи ҷаҳон ба роҳи бад бурда метавонад.
Падару модарон бояд байни сахтгирии аз ҳад зиёд ва сустгирӣ мувозинат нигоҳ доранд.
Рафтори нодуруст бояд ислоҳ карда шавад, аммо дар рӯҳи фурӯтаниву ҳалимӣ.
Наврасон шубҳаҳову изтироб эҳсос мекунанд, ки аз афзудани мустақилияташон вобаста аст. Онҳо шояд шубҳа доранд, ки дар дунё роҳи худро ёфта метавонанд, ё не. Ин мисли роҳгардӣ дар роҳи лағжон аст. Наврасон, ба волидонатон эътимод карда, тарсу изтироби худро ба онҳо бигӯед. Ё агар эҳсос кунед, ки падару модар шуморо аз ҳад зиёд маҳдуд мекунанд, дар бораи эҳтиёҷи озодии бештар доштанатон бо онҳо сӯҳбат намоед. Барои чунин сӯҳбат вақтеро интихоб кунед, ки шумо ором бошеду волидонатон банд набошанд. Барои бодиққат гӯш кардани ҳамдигар вақт ҷудо кунед.