Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Ман 4 сол шуд, ки оиладор ҳастам соҳиби ду фарзанди лекин муносибатам бо шавҳарам начандон хуб. Бисер хислатҳои якхела дорем, масалан зуд асабонӣ мешавем ва гап бисер мешавад. Бад аз он ҷанг ва номуросогӣ мешавад. Медонам, дар оила ҳама вақт хурсандӣ намешавад, лекин шавҳарам хеле дили танг дорад. Ман, барак, чӣ суҳанҳое, ки гӯям бовар намекунад ва ман боз гунаҳкори ҳама ходисаҳо мешавам ба хаелам. Ба фикри ман, мо ба як дигар меҳру муҳаббати зиёд надорем, лекин зиндагӣ карда истодаем. Шумо чӣ маслиҳат медодед, ки оиди ҳамин муаммои ман чӣ хел мо якдигарро фаҳмем? Ташакур барои ҷавобатон.

Салом Марҷона.
Барои ҷавоби ин суол ду асбоби мусиқиеро тасаввур намоед, масалан чангу рубоб. Агар онҳо дуруст ҷӯр шуда бошанд, бо ҳар яке дар алоҳидагӣ навои хубе навохтан мумкин аст. Вале агар бо ҳардуи онҳо навохтани як мусиқӣ лозим ояд–чӣ? Акнун онҳо бояд ба ҳамдигар ҷӯр шаванд.
Ҳолати ба ин монанде байни шумову ҳамсар аст. Ҳар яке аз шумо шояд ҷаҳди зиёде намудед барои “ҷӯр кардани” хусусиятҳои шахсии худ. Аммо суол ин аст, ки оё ба ҳам ҷӯр ҳастед?
Агар ҳамсарон ҳақиқатан якдигарро дӯст доранд, онҳо ҳамдигарро эҳтиром хоҳанд кард ва маҳз иззату эҳтиром калиди асосӣ бар издивоҷи хушбахт мебошад.
Агар хоҳед аз издивоҷи хушбахт баҳраманд бошед, «на танҳо дар бораи худатон, балки дар бораи ҳамсаратон низ ғамхорӣ» намуда, ҳамин тавр ба ӯ эҳтиром нишон медиҳед. Андеша кунед, ки чӣ барои ҳамсаратон беҳтар аст. Албатта ниёзҳои ҳамсарро аз худ боло бояд гузошт. Иззату эҳтиром барои ҳамсарон кӯмак мекунад, ки ихтилофоти назарҳояшонро эътироф кунанд. Интизории он ки ду шахс дар ҳама чиз нуктаи назари якхела хоҳанд дошт, — оқилона нест. Он чизе ки барои шавҳар муҳим аст, шояд барои зан то ин дараҷа муҳим набошад ва он чизе ки зан дӯст медорад, шояд шавҳар дӯст надорад. Вале ҳар шахс бояд нуктаи назар ва интихоби нафари дигарро эҳтиром намояд, албатта агар он бо қонуну принсипҳо мухолифат надошта бошад. Илова бар ин, ҳар яке бояд иззати нафси ҳамсарашро нигоҳ дошта, ӯро бо шӯхиҳову масхара на дар танҳоӣ ва на дар ҳузури дигарон паст назанад.
Барои зан эҳтиром кардани сарварии шавҳари хоксору фурӯтан осонтар аст, назар ба мағруру якрав. Дар навбати худ зани эҳтиромгузор низ ҳангоми хато карданаш узр мехоҳад. Ба аксарияти занҳо дилраҳмиву ҳассосӣ хос аст, хусусиятҳое, ки барои ғамхорӣ нисбати оила ва парвариши муносибатҳои байниинсонӣ лозиманд. Зани ба аҳли солеҳ сифатҳои аълои зиёд ва ҳунарҳои волое дорад, ки аҳли хонаводааш аз он ба пуррагӣ манфиат мебарад. Зеро дар ин ҳолат «шавҳари вай аз вай дилпур аст».
Ба ҳар сурат, зани хуб на фақат итоаткунанда асту халос. Ӯ саъй мекунад, ки кӯмакгари воқеие бошад, ки қарорҳои шавҳарашро дастгирӣ менамояд. Албатта, барои зан дастгирӣ кардани қарорҳое, ки худаш бо онҳо розист, осонтар аст. Вале дар сурати розӣ набуданаш ҳам, бо дастгирии зан анҷоми қарорҳои шавҳар муваффақтар хоҳанд буд. Зан метавонад ба шавҳараш бо роҳҳои дигар низ дар сарвари хуб будан кӯмак намояд. Ба ҷои он ки шавҳарашро танқид карда, дар вай эҳсосеро ба вуҷуд орад, ки занаш доимо аз ӯ норозист, баръакс зан метавонад ба шавҳараш барои кӯшишҳое, ки дар сарварӣ сарф мекунад, миннатдорӣ баён намояд. Дар муошират бо шавҳар тарзи мусбиро зоҳир карда, зан бояд дар хотир дорад, ки рӯҳи ҳалиму сокит дар назари шавҳар гаронбаҳост. Зан ташвиқ карда мешавад, ки шавҳар ва кӯдакони худро дӯст дорад, боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳар бошад.
Барои издивоҷатонро мустаҳкам намудан, шумо бояд кӯшиш кунед, ки муоширати наздики  хубро барқарор кунед. Дар асоси муоширати наздик дар оила муносибати меҳрубонона пайдо мешавад. Муҳаббат ва эҳтиром дар ҷониби дигари издивоҷ низ муҳим аст — дар муошират. Зан ба сӯҳбат эҳтиёҷ дорад. Рост аст, ки дар ин замонаи душвор шавҳарон соатҳои зиёде берун аз хона кор мекунанд ва аз сабаби вазъи бади иқтисодӣ баъзе занҳо ҳам маҷбуранд, ки ба кор бароянд. Вале ҳамсарон бояд барои ҳамдигар вақт ҷудо кунанд. Вагарна онҳо метавонанд аз ҳам дур гарданд. Агар дар ҳамсарон хоҳиши ҷустуҷӯи муоширати дӯстонаву дилсӯзона дар берун аз ҳалқаи издивоҷ пайдо гардад, ин ба мушкилиҳои ҷиддӣ оварданаш мумкин аст.
Тарзи муоширати зану шавҳар аҳамият дорад. «Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо шифобахш аст».  Агар шахс рӯзи душворе дошт, чанд гуфтаи меҳрубононаву дилсӯзонаи ҳамсар хеле бамаврид мебуд. Ба оҳанги гапзанӣ ва интихоби калимаҳо диққат бояд кард. Масалан, касе бо оҳанги дурушту талабкорона ба дигаре мегӯяд: “Дарро пӯш!”. Аммо то чӣ андоза гуворову «намакин» хоҳад буд сухане, ки бо оҳанги орому бофаҳм гуфта мешавад: “Илтимос, дарро пӯшед”.
Муоширати хуб дар ҷое нашъунамо меёбад, ки хушмуомилагӣ, нигоҳҳои гарм, латофат, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва нармдилӣ ҷой доранд. Барои нигоҳ доштани муоширати хуб ҷидду ҷаҳд намуда, ҳам шавҳару ҳам зан дар баён кардани ниёзҳояшон худро озод эҳсос хоҳанд кард ва дар вақтҳои маъюсӣ манбаи тасалливу кӯмак барои ҳамдигар хоҳанд буд. Дар зиндагӣ вақтҳое мешаванд, ки мард рӯҳафтода мегардад ва вақтҳое зан. Ҳамсарон метавонанд якдигарро «тасаллӣ»–ву тақвият диҳанд.
Ҳамсароне, ки ҳамдигарро дӯст медоранду ҳурмат менамоянд, ҳар як зоҳирияти норозигиро чун мушкилии бузург қабул намекунанд. Онҳо хеле мекӯшанд, ки бо ҳамдигар дағалона рафтор накунанд. Ҳарду бояд дар хотир доранд, ки «ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад». Эҳтиёт бошед, ки ҳамсарро ҳангоми дилхоликуниаш паст назанед ё маҳкум накунед. Баръакс, ба ин гуна иброзҳои ҳамсар чун ба имконияти фаҳмидани нуктаи назари вай нигаред. Бикӯшед, ки бо ҳам ихтилофотро дур карда, ба розигии дутарафа ноил гардед. Агар пешниҳоди зан аз ақидаи шавҳар фарқ кунад, мард бояд ба зан ақаллан гӯш диҳад. Зан ҳам набояд дар ин ҳангом сӯҳбатро ба дасти худ гирад, балки бояд ба гуфтаҳои шавҳар гӯш диҳад. Агар шавҳар ё зан ҳамеша ба амалӣ шудани иродаи худ исрор кунанд, ин нишонаи бемеҳрию беэҳтиромӣ мебуд.

ЧӢ ГУНА ПРИНСИПҲОИ ЗЕРИн КӮМАК МЕКУНАНД, КИ... ҲАМСАРОН АЗ ИЗДИВОҶИ ХУШБАХТУ БАРДАВОМ БАҲРАМАНД БОШАНД?
Ҳамсарон ба ҳамдигар меҳру муҳаббат доранд.
Онҳо барои бахшидани ҳамдигар омодаанд.
Тартиби муайяне барои сарварӣ вуҷуд дорад.
Суханро дар ҷояш ва бо тарзи муносиб бояд гуфт.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.