Салом Аҳмад.
Одатҳо метавонанд чунон реша гиранд, ки ҳатто бо сарфи кӯшишҳои зиёд аз онҳо халос шудан душвор аст. Кӯшиши идора кардани хоҳишҳои худ метавонад заиф ва ҳатто дардовар бошад.
Барои муқобилият бо одатҳои бад тамоми кори аз дастатон меомадаро кунед. Барои мубориза бо майлу одатҳои нодуруст ва дар ниҳоят ғолиб омадан худдорӣ лозим аст.
Рӯйхат тартиб диҳед, ки чӣ гуна тағир додани рафтори шумо метавонад ҳаёти шуморо беҳтар кунад.
ТАРК КАРДАНИ ОДАТХОИ БАД
Аҳмад, нағз, ки шумо одатҳои ношоистаи худро тан мегиред.
1. Аз худ пурсед: «Оё ин одат ба ман фоида меорад? Оё ин ба саломатӣ, вазъи моддӣ, беҳбудии оила ва оромии дил таъсир мерасонад? Оё ман бе вай беҳтар намебудам?"
2. Пешравии худро пайгириву назорат кунед. Ҳар рӯз чанд дақиқа вақт ҷудо кунед, то дар бораи пешрафти худ фикр кунед. Агар шумо шикаст хӯрдед, пас муайян кунед, ки кадом ҳолат ба ин оварда расонд.
3. Аз дигарон мадад пурсед. Ба дӯстон ва оилаатон бигӯед, ки шумо кӯшиш мекунед, ки ин одатро партоед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки вақте ки онҳо фикр мекунанд, ки шумо ба он бармегардед, инро ба шумо хотиррасон кунанд. Бо дигарон, ки бо ҳамин мушкилот сару кор доранд, сӯҳбат кунед.
4. Бо мувозинат ва воқеъбин бошед. Дарҳол натиҷаҳоро интизор нашавед. Баъзе одатҳои дар тӯли солҳо ба даст омадаро шикастан осон нест.
Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад... якдигарро аз таҳти дил бахшед. Ҳамаи мо хато мекунем. Баъзан мо дигаронро меранҷонем ё дигарон моро меранҷонанд. Барои ҳамин мо муҳтоҷем, ки дигарон моро бахшанд ва мо дигаронро. Баъди он ки мо шахсро мебахшем, дигар дар бораи ӯ фикрҳои бад намекунем. Мо «дар ивази бадӣ бадӣ» намекунем ва гаштаю баргашта хатои шахсро хотиррасон наменамоем. Лекин, агар сухану рафтори касе ба мо сахт расида бошаду он аз дилу фикрамон наравад-чӣ? Онгоҳ мо бояд бо шахс дар танҳоӣ ва эҳтиромона гап занем. Мақсади мо набояд исбот кардани рафтори нодурусти каси дигар, балки барқарор кардани сулҳ бошад.
Фурӯтан ва бо эҳтиром бошед
"Хоксорона дигаронро аз худ боло донед». Агар мо фурӯтану боэҳтиром бошем, ба одамон бо мо будан маъқул аст. Онҳо медонанд, ки мо бо онҳо меҳрубон, бомулоҳиза хоҳем буд ва дидаю дониста онҳоро хафа намекунем. Вале, агар мо худро аз дигарон боло гирем ё ҳама вақт ду пойро дар як мӯза монда, талаб кунем, ки хости мо шавад, мо сабабгори ҷангу ҷидол мешавем ва дигаронро дар хиҷолат мегузорем. Агар мо ин хел кунем, одамон худашонро аз мо дур мекашанд ва дӯстони мо кам мешаванд ё ки мо тани танҳо мемонем.
Ҳамаро бо як чашм бинед
Вақте мо бо ҳар як кас бо меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат мекунем, мо онҳоро хушбахт мегардонем, худамон бошем, хушбахттар мешавем.
Нармдил бошед
Агар мо нармдил бошем, дигарон худро бо мо озод ҳис мекунанд. Онҳо бо мо бемалол суҳбат мекунанд ва ҳатто моро ислоҳ менамоянд, зеро медонанд, ки мо ором мемонем. Вақте ғазаби касе нисбати мо бедор мешавад, аз ҷавоби нарми мо, эҳтимол, ӯ ором шавад. Дар Панднома чунин гуфта шудааст: «Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад, гапи сахт касро ба қаҳр меорад».
Саховатманд ва миннатдор бошед
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад».
Бо эҳтиром,
равоншинос Ҷураева Ризвона