Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Чунин нишонаҳо баъди 8-10 сол маълум мешавад? Як бародар хамин масъаларо пурсид. Нишонаш тез маълум мешавад? Дар хамин сол ё дар давоми солхо маълум мешавад? Баъд аз алоқаи ҷинсӣ пас аз чанд рӯз бояд хун барои ВНМО супоридан мумкин?

Салом.

Нишонаҳои ВНМО-сироят (ВИЧ-инфекция) гуногун мебошанд, чунки таъсири асосии ВНМО ба масунияти (иммунитет)-и бадан мебошад, яъне аз таъсири он масунияти инсон паст мегардад. Дар шароити паст шудани масуният дар организми инсон бемориҳои гуногуни оппортунистӣ авҷ мегиранд, аз ҷумла бемории сили шуш ва ғайришушӣ, Саркома Капоши, илтиҳобҳои шуш, токсоплазмози узвҳои гуногун, сироятҳои ситомегаловирус, сироятҳои герпесӣ, менингит, энсефалит ва ғайра. Инчунин, нишонаҳои паст будани масуният ин дарунравӣ ва ҳарорати баланди сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 моҳ давом мекунанд, мебошад. Аз ин лиҳоз, нишонахои клиникӣ дар шахси гирифтори ВНМО вобаста ба беморӣ ва нишонаҳои авҷгирифта мебошанд.

Нишонаҳои номбаршуда метавонанд баъди солхо ба вуҷуд биёянд, ба ҳисоби миёна 8-10 сол. Дар ин муддат шахси сироятшуда ягон нишона надорад ва ҳатто пай ҳам намебарад, ки ӯ гирифтори ин вирус аст.

Дар 3 моҳи аввал, ки онро давраи ниҳонӣ меноманд, эҳтимоли оне хаст, ки ташхиси ВНМО натиҷаи манфиро нишон диҳанд, яъне вирус ҳаст, аммо таҳлил нишон намедиҳад. Дар ин давра, чи тести оҷилӣ (экспресс-тест), ва чи ТИФ (тахлили имуноферменти) метавонанд нодуруст натиҷа диҳанд. Аз ин лихоз, агар рафтори хатарнок вуҷуд дошта бошад, пас баъд аз се моҳи тамос бояд ташхиси такрорӣ супорид.

Бо назардошти тестҳои ҳозиразамон, се моҳ басанда аст.

Пеш аз ҳама ба ҳамсаратон вафодор монед. Ҷуфтоне, ки ба ҳам вафодоранд, издивоҷро пайванди якумра меҳисобанд ва аз якдигар дилпуранд. Ҳар яке аз онҳо боварӣ дорад, ки ҳамсараш ба аҳду паймони худ содиқ мемонад ва ҳатто дар вазъиятҳои душвори ҳаёт онро намешиканад.

Ҷуфтоне, ки ба онҳо вафодорӣ намерасад, ҳангоми дучор шудан бо проблемаҳо чунин фикр карданашон мумкин: «Мо ба ҳамдигар муносиб нестем, барои ҳамин бояд ҷудо шавем».

Пас чораҳо андешед, то ба ҳамсаратон содиқу вафодор монед.

Агар дар шумо хоҳиши бад пайдо шавад, кӯшиш кунед, ки онро тезтар аз худ дур созед.

Пеш аз он ки хоҳишҳои бадахлоқона бар шумо ҳукмрон шаванд, тамоми чораҳои заруриро биандешед, то ки ба он дода нашавед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.