Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ман, гарчанд ҷавон бошам ҳам, аз зиндагӣ монда шудам. Барои чӣ ҳеҷ кас ба ман бовар намекунад, пеш аз ҳама падару модарам? Чи кор кунам, ки шахси боваринок бошам?

Салом Ҷамила.

Ба волидон итоат кардан мисли баргардонидани қарзи бонк аст. Чи қадаре, ки шумо масъулиятнок бошед, ҳамон қадар бисёртар ба шумо бовар мекунанд.

Одами боваринок боварии волидон, дӯстон ва сардори корхонаашро ба даст меорад. Вай, бо иродаи қаъвӣ тартибу қоидаҳоро риоя мекунад, ба ваъдаҳояш вафо мекунад, ва ҳамеша гапи ростро мегӯяд. Барои чӣ ин муҳим аст?

Одатан, ба шумоҳамон вақт озодии бештар медиҳанд, агар шумо одами боваринок буданатонро нишон диҳед.

Барои ба боварии волидонатон даромадан, шумо бояд на танҳо дар назди онҳо, балки ҳамчунин вақте ки онҳо шуморо намебинанд, чун шахси баркамол ва бомасъулият рафтор кунед.

Барои боварии гумшудаи онҳоро аз нав ба даст овардан хоҳед, ростгӯва ростқавл бошед.

Масъулиятнок бошед. Агар шахси масъулиятнок бошед, ин дар оянда ба шумо даркор мешавад. Волидон хурсанд мешаванд, вақте шумо корҳои хонаро бе доимо ёдраскунии онҳо нағз баҷо меоред.

Пурсабр бошед. Барои ин, вақт лозим аст. Танҳо бо як коратон боварии волидон ва атрофиёнро ба даст оварда наметавонед. Барои ин, шумо бояд ҳар рӯз бо рафторатон нишон диҳед, ки ба шумо бовар кардан мумкин аст.

Бо эҳтиром,

равоншиноси МД «МЧ ВНМО»--
Ҷураева Ризвона

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.моб.+992 935 039886

кори+992 234 33 43


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.