Салом. Шумо бояд ҳатман бо духтури худатон фтизиатр ва бо духтури занона дар тамос бошед. Онҳоро хабардор намоед, ки айни замон ҳомиладор ҳастед, то ки ҳамаи чорабиниҳои заруриро дар бемории сил ва ҳолати ҳомиладорӣ ба назар гиранд. Бояд доруҳои зиддисилиро сари вақт истеъмол намоед. Дар ҳавои тоза бошед. Аз чорчӯбаи духтурон берун набароед, яъне ҳамаи тавсияҳояшонро риоя намоед.
Бо эхтиром,
равоншиноси МД «МЧ ВНМО»
Чураева Ризвона