Салом.
Барои бартараф намудани асабоният аз маслиҳатҳои зерин истифода баред:
1. Бояд чуқур нафас кашед, нафасро каме дар худ нигоҳ дошта, баъдан онро бароред. Ин машқро 3-5 дақиқа иҷро кунед. Чунин машқ барои аз фикрҳои нолозим халос шудан, кӯмак мекунад.
2. Ба таври навбатӣ гуруҳҳои гуногуни мушакҳои баданро таранг кунед ва сипас мулоиму ором кунед: аз рӯй то ангуштони пой. Ин машқ барои зуд ором шудан ва бартарафкунии стресс кӯмак мекунад.
3. Фикрҳои худро нависед. Вақте ки шумо гап зада наметавонед, фикрҳои ғамгинро ба коғаз гузаронед, - ин барои ором шудан кӯмак мекунад.
4. Машқ ва сайругашт дар табиат стрессро то андозае бартараф мекунад ва асабҳоро ором мекунад. Инро мунтазам, ҳадди ақал 2-3 маротиба дар як ҳафта анҷом диҳед.
5. Бо касе сӯҳбат кунед. Хусусан, бо шахсоне, ки аз як чизи монанд гузашта бошанд, асабонии шуморо коҳиш медиҳанд ва шумо худро беҳтар ҳис мекунед.
Бо эҳтиром,
Ҷӯраева Ризвон (равоншинос)