Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалом апаҷон. Ман дар бораи бачаам мехостам қати шумо маслиҳат кунам. Вай бисёр инҷиқӣ мекунад ва доруҳои ЗРВ-ро ба зарби қамчин мехӯрад. Чӣ кор кунам?

Салом.

Пеш аз ҳама, бо бачаатон машварат гузаронидан лозим аст. Ҳамаи чизро ошкоро бо номҳои худ гап задан лозим аст. Масалан: кирм, бактерия неву маҳз вирус ном гирифта шавад. Дар бораи пайравӣ ба табобати зиддиретровирусӣ фаҳмонида шавад. ТЗРВ (табобати зиддиретровирусӣ) ВНМО-ро пурра нест карда наметавонад, аз ин сабаб, доруҳоро ҳар рўз, доимо, бе таъхир, яъне тамоми ҳаёт истеъмол намудан лозим аст. Ҳангоми вайрон намудани реҷаи истеъмоли доруҳо муолиҷа бесамар мегардад ва муқовиматпазирӣ (устуворӣ нисбати доруҳо ё "резистентность") инкишоф меёбад.

Пайравӣ ба табобат чӣ маъно дорад?

  1. Саривақт, бе таъхир истеъмол намудани доруҳои таъиншуда аз тарафи духтур;
  2. Риоя намудани тавсияҳо оид ба ғизо.
  3. Муҳим аст, ки пайравӣ садфоиза бошад. Чӣ қадаре, ки пайравӣ зиёдтар бошад, ҳамон қадар эҳтимолияти муваффақияти муолиҷа бештар мегардад.
  4. Барои хоҳишро дар мизоҷ инкишоф додан, беҳтар мебуд, ки машварати мутахассисро бигзаранд. Бо розигии волидайн мавқеи сироятёбӣ (статус)-ро ба фарзандатон бигўем. Вақте ў дар бораи худаш маълумотро пурра фаҳмад, вай шахсан барои нигоҳ доштани саломатии худаш ҳаракат мекунад, ки доруҳоро саривақт истеъмол кунад.

Бо эҳтиром,

Ҷӯраева Ризвон (равоншинос)


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.