Салом Муҳаммад .
Шумо бояд ба духтурони отоларинголог ва асабшинос муроҷиат намуда, аз муоинаи тиббӣ гузаред.
Сабабҳо ва табобати ин беморӣ мураккаб аст ва танҳо як отоларингологи баландихтисос метавонад мушкилотро ҳамаҷониба дарк кунад. Чунки сабабҳо гуногун буда метавонад ва ба ҳар шахс равиши мувофиқ ва индивидуалӣ лозим аст.
Аксар вақт, бемор ба машварати иловагӣ бо кардиолог, гематолог, аллерголог ё эндокринолог ниёз дорад. Танҳо ташхис ва табобати ҳамаҷониба барои бартараф ё кам кардани нороҳатии бемор кӯмак мекунад.
Бо эҳтиром,
Ризвона Ҷӯраева