Салом.
Бешубҳа, ҳама гуна мушкилотҳо, инчунин бо системаи репродуктивӣ вобастабуда, манбаи изтироби доимӣ ва харобии асаб мегардад. Инчунин синну сол, тарзи ҳаёт: парҳез, хоб, тамокукашӣ, машрубот, фаъолияти ҷисмонӣ ё варзиш, ё ирсият дар аксари ҷанбаҳои саломатии мо нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин, шумо пеш аз ҳама сабаби онро бояд муайян намоед. Аз рӯи имконият, бояд асабатонро идора карда тавонед. Метавонед барои машварат ба мутахассисон:уролог, андролог муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Ризвона Ҷӯраева