Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Чи гуна стресро бартараф намоям?

Салом Эраҷ.
Бештар табассум кунед. Чунки табассум  рӯҳбаланд мекунад ва дилро қувват медиҳад.
Олимони донишгоҳи Ҳарвард (ИМА) таҷрибае гузаронданд. Онҳо як гурӯҳ одамонро таъин карданд, то беморони пиронсолро нигоҳубин кунанд. Вақте онҳо бо чеҳраи кушоду табассуми нарм ба онҳо ғамхорӣ мекарданд, саломатии беморон беҳтар мешуд ва майнаи сарашон беҳтар кор мекард. Аммо вақте онҳо вазифаи худро бе хандаву табассум ва имову ишораи меҳрубонона ба ҷо меоварданд, аҳволи беморон бадтар мешуд.
Фоидаи табассум: хавотирии одам камтар мешавад, ба худаш бештар боварӣ пайдо мекунад ва хурсандии бештар ҳис мекунад. Аммо касе, ки аз қошу қавоқаш доим барфу борон меборад, худро зиқу хавотир ҳис мекунад ва бовариаш ба худ камтар мешавад.
Дар хотир доред, ки ҳисси хурсандӣ ё зиқӣ аз ягон фикр пайдо мешавад. Барои ҳамин ҳатто, агар душвор бошад, кӯшиш кунед, ки майнаи сари худро бо фикрҳои хуб пур кунед ва ба чизҳои хуб диққат диҳед. Бо кори дӯстдоштаатон машғул шавед, чунки он ба шумо оромиву хурсандӣ мебахшад.
Интизор нашавед, ки кай дигарон ба шумо табассум мекунанд. Якум шуда онҳоро бо табассум пешвоз гиред ва ба ҳаёти онҳо андаке бошад ҳам, хурсандӣ илова кунед. Табассум атои Худост. Онро ба кор бурда шумо ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигаронро рангоранг мекунед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки лаб бо табассум зебост!

Албатта, пеш аз ҳама  бояд асабро идора карда тавонем, чунки асабонӣ шудан метавонад оқибат ба бисёр бемориҳо бурда расонад.
Умуман ҳаяҷон, қаҳру ғазаби зараррасон, хашм, ҷангҷӯӣ, хар- хаша, ранҷонидани дил шахсро метавонад асабонӣ кунад, ки ин яке аз сабабҳои асосии харобшавии системаи асаб ва ҳатто метавонад ба ларзиши панҷаҳои дастон оварда расонад.
Бояд қайд кард, ки  ба тарзи суханронӣ диққат диҳем. «Сухани нек»-е гӯем, ки «барои обод кардан бошад».
Якум сабаби муҳиме, ки ба тарзи суханрониамон бояд аҳамият диҳем, дар он аст ки суханон дорои қувват мебошанд.
Чӣ тавре ки об дарахти хушкшудаистодаро зинда мегардонад, ҳамин тавр сухани мулоим ҳам, ба онҳое ки онро гӯш мекунанд, тароват мебахшад. Бадзабонӣ бошад, баръакс рӯҳафтода мегардонад. Дар ҳақиқат суханоне, ки мо мегӯем қувваи ранҷондан, ё қувваи шифо бахшиданро доранд.
Сабаби дуюме, ки бояд ба тарзи суханронии худ аҳамият диҳем, дар он аст ки гуноҳ ва нокомилӣ моро бармеангезанд, ки забонамонро нодуруст истифода барем.
Чун шиноваре, ки муқобили ҷараён шино мекунад ва бо он мубориза мебарад, ба мо низ лозим меояд, ки бо майли гунаҳкоронаи нодуруст истифода бурдани забони худ мубориза барем.
Ҳатто норасоии витамини В 12 ба системаи асаб таъсири худро мерасонад. Он бисёртар дар гӯшт, моҳӣ, мурғ, тухм ва маҳсулоти ширӣ во мехӯрад.

Бо эҳтиром, 

Ризвона Ҷӯраева

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.