Салом.
Ҷудошавӣ проблемаи хеле паҳншуда аст ва таъсири худро мегузорад: бо худ дарди сахти эмотсионалӣ меорад, зери фишори ҳиссиёти гуногун, ба монанди хашм, алам, норозигӣ, зиқиву ноумедӣ ва шарму изо қарор мегиранд. Шахс метавонад худро беқадру қиммат ва партофташуда ҳис карда, ба чунин фикр дода шавад: «Ҳозир, ки ман аз ҳамсарам ҷудо шудам, ман ҳеҷам. Зиндагии ман акнун маъное надорад». Дар баъзе ҳолатҳо ҳисси худэҳтиромкунӣ чунон коста мегардад, ки баъзан ба хашму ғазаб дода мешавад ва ҳеҷ касро дидан намехоҳад».
Ба ояндаи худ бо ноумедӣ менигаранд.
Ҳамзамон, онҳо метавонанд инҷиқ гашта, нисбати одамони гирду атрофашон айбҷӯӣ кунанд. Дар натиҷа, дар онҳо чунин фикр пайдо шуда метавонад, ки одамони гирду атроф сарду номеҳрубон аст ва касе ба онҳо дилаш намесӯзад.
Шахс мехоҳад аз ҳама пинҳон шуда, аз ғаму афсӯс бо овози баланд гиря кунад.
Хуб мебуд, агар аҳли хонавода дастгирӣ кунанд. Онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то ба хеше, ки муддате «рӯҳафтода» гаштааст, кӯмак кунанд. Хешону дӯстон метавонанд сарчашмаи рӯҳбаландӣ бошанд. Онҳо аз тарафи худ равшан нишон медиҳанд, ки дар ҳаққи онҳо ғам мехӯранд ва тайёранд, ки бо омодагӣ шахсро гӯш кунанд. Онҳоро боварӣ мебахшанд, ки ҳолати душворатонро мефаҳманд ва барои ёрӣ додан тайёранд.
Оиди чизи аз даст рафта зиқии худро пинҳон накунед.
Шумо шояд ҳамсаратонро, ки то ҳол дӯсташ медоред, ёд кунед. Гарчанд муносибат байни шумову ӯ хуб набуд, лекин ҳоло шояд аз боиси он ғамгинед, ки акнун он умеди аз издивоҷ хурсандӣ гирифтанро аз даст додаед.
Худро аз ҳама дур нагиред. Ҳарчанд шумо аз сабаби ғаму андӯҳатон ба танҳо мондан ниёз доред, лекин муддати дурудароз худро аз ҳама дур гирифтан аз рӯи хирад нест.
Бо дӯстон дар мавзӯъҳои рӯҳбаландкунанда муошират кунед. Чунки агар доимо дар бораи ҳамсари пештараатон нолаву шикоят кунед, ҳатто ӯ сазовор бошад ҳам, дигарон метавонанд аз шумо худро дур гиранд.
Агар дарҳол пас аз ҷудошавӣ ба шумо қарорҳои ҷиддӣ қабул кардан лозим ояд, аз шахсе, ки ба ӯ боварӣ доред, кӯмак пурсед.
Дар бораи саломатии худ ғамхорӣ кунед. Стрессе, ки ҷудошавӣ бо худ меорад, бисёр вақт ба саломатии кас таъсир карда, сабаби баланд шудани фишори хун ва дарди сар мегардад. Кӯшиш кунед, ки нағз хӯрок хӯред, машқи ҷисмонӣ кунед ва ба миқдори кофӣ хоб равед.
Чизҳоеро, ки аз нав хашми шуморо нисбати ҳамсари пешинаатон зиёд мекунанд ё ин ки ба шумо лозим нестанд, партоед, аммо варақаю ҳуҷҷатҳои лозимаро нигоҳ доред. Агар дидани чунин чизҳо ба монанди суратҳои тӯятон ба шумо дардовар бошанд, онҳоро ба як қуттӣ андохта, барои фарзандонатон нигоҳ доред.
Бо фикрҳои манфӣ мубориза баред.
Бисёр одамон мегӯянд, ки фикрҳои худро рӯи варақ овардан ба онҳо кӯмак мекунад, ки вазъияти худро равшантар фаҳманд ва тарзи фикррониашонро назорат кунанд. Агар шумо низ чунин карданӣ бошед, кӯшиш намоед, ки диққататонро ба фикрҳои нав ва мусбӣ равона созед, то ба фикрҳои манфӣ ғолиб оед.
Шумо бояд бовар дошта бошед, ки дар оянда ҳаётатон боз хубтар ва хушбахтонатар мешавад.
Бо эҳтиром,
Ризвона Ҷӯраева.