Салом.
Албатта, вақт лозим аст, ки он захмҳои ҳиссиёти шумо бартараф карда шаванд. Он чизе ки шуд, акнун баргардонида намешавад. Ба назарам дар фикри он бошед, ки чӣ тавр бояд зиндагиатонро давом диҳед. Чунки зиндагӣ давом дорад.
Вақте аз сабаби сахтиҳои зиндагӣ фикрҳои бад пайдо мешаванд, мо ба кӯмаки дигарон мӯҳтоҷ мегардем. Агар ғуссаи худро дар дил гирифта гардед, бори ғам шуморо зер карда метавонад. Аммо агар ҳиссиёти худро ба ягон кас нақл кунед, худро сабуктар ҳис карда, ба душвориҳои худ аз дигар тараф нигоҳ мекунед.
Маслиҳат: Худи ҳамин рӯз бо ягон кас, узви оила ё дӯсти боваринок, сӯҳбат кунед. Шумо ҳамчунин метавонед ҳиссиёти худро навишта сабукӣ ҳис кунед. Вақте ки шумо гап зада наметавонед, фикрҳои ғамгинро ба коғаз гузаронед - ин барои ором шудан кӯмак мекунад.
«Дили шод саломатӣ мебахшад».
Ин чӣ маъно дорад: Вақте бо ягон кори хурсандиовар машғул мешавед, асабатон оромтар мешавад ва худро беҳтар ҳис мекунед.
Бо варзиш машғул шавед ва дар табиат бештар вақт гузаронед.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки машқ ва сайругашт дар табиат стрессро то андозае бартараф мекунад ва асабҳоро ором мекунад. Инро мунтазам, ҳадди аққал 2-3 маротиба дар як ҳафта анҷом диҳед.
Лутфан навори мазкурро бо номи " Ин ишқи ҳақиқист ё ошиқӣ" тамошо кунед ва хулоса бароред.
https://cloud.mail.ru/stock/28Rpu3Gp47QxYnveLvQTtNDz
Хуб мешуд, ки аз ҳар вазъият барои худ дарс гирем:
Пеш аз интихоби дӯст ва ё ҳамсар зуд ба эҳсосот дода нашавем.
Бо эҳтиром,
Ризвона Ҷӯраева