Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом, мухтарам Доктор, ман як чанд руз пеш савол оиди ларзиши дастонам ба Шумо дода будам. Лекин чавоби шумо маро канеъ накард, чун ки ман май наменушам ва нашъаманд нестам. Холати ларзиши дастони ман дар холате мушохида карда мешавад, ки ман сахт асабони мешавам ва дастонам меларзанд.

Салом.

Албатта, пеш аз ҳама бояд асабро идора карда тавонем, чунки асабонӣ шудан метавонад оқибат ба бисёр бемориҳо бурда расонад.
Агар шумо дар давоми вақти дарозмуддат дар чунин ҳолат бошед, яъне ларзиши панҷаҳои дастонатон мушоҳида карда шавад, ҳатман ба духтури оилавиатон муроҷиат кунед.
Умуман ҳаяҷон, қаҳру ғазаби зараррасон, хашм, ҷангҷӯӣ, хар- хаша, ранҷонидани дил шахсро метавонад асабонӣ кунад, ки ин яке аз сабабҳои асосии харобшавии системаи асаб ва ҳатто метавонад ба ларзиши панҷаҳои дастон оварда расонад.
Бояд қайд кард, ки ба тарзи суханронӣ диққат диҳем. «Сухани нек»-е гӯем, ки «барои обод кардан бошад».
Якум сабаби муҳиме, ки ба тарзи суханрониамон бояд аҳамият диҳем, дар он аст ки суханон дорои қувват мебошанд.
Чӣ тавре ки об дарахти хушкшудаистодаро зинда мегардонад, ҳамин тавр сухани мулоим ҳам, ба онҳое ки онро гӯш мекунанд, тароват мебахшад. Бадзабонӣ бошад, баръакс рӯҳафтода мегардонад. Дар ҳақиқат суханоне, ки мо мегӯем қувваи ранҷондан, ё қувваи шифо бахшиданро доранд.
Сабаби дуюме, ки бояд ба тарзи суханронии худ аҳамият диҳем, дар он аст ки гуноҳ ва нокомилӣ моро бармеангезанд, ки забонамонро нодуруст истифода барем.
Чун шиноваре, ки муқобили ҷараён шино мекунад ва бо он мубориза мебарад, ба мо низ лозим меояд, ки бо майли гунаҳкоронаи нодуруст истифода бурдани забони худ мубориза барем.
Ҳатто норасоии витамини В 12 ба системаи асаб таъсири худро мерасонад, ки низ ба ларзиши панҷаҳои дастон оварданаш мумкин. Он бисёртар дар гӯшт, моҳӣ, мурғ, тухм ва маҳсулоти ширӣ во мехӯрад.

Саломатии худро эҳтиёт кунед. 

бо эҳтиром, 

Ризвона Ҷӯраева. 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.