Салом.
Ларзиши даст якчанд сабаб дорад. Якеаш ин аст ки шахс шояд ҷоғар (зоб) дошта бошад. Дар ин ҳолат бояд ба духтури эндокринолог муроҷиат намояд.
Дигаре шояд майнӯшӣ, яъне истеъмоли машруботи спиртӣ, ки аз ҳад зиёд истифода мешавад.
Инчунин истеъмоли маводи мухаддир ҳам дар якҷоягӣ бо маводҳои доруҳои қонеъкунандаву майнӯшӣ ба ҳамин ҳолат оварда мерасонад. Дар чунин ҳолат шахс бояд ба духтури асабшинос (невропатолог) муроҷиат намояд.
Бо эҳтиром,
Ризвона Ҷӯраева