Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
абду
02.06.2015
Ассалом алейкум, ман аз занам чудо шудам баъди 2 сол у барои маскун кардан ба суд мурочиат кард ва суд уро бо фарзандон ба хонаи модарам маскун карданд. Судичрочиён уро ба хона оварда шинонданд ва калидро ба у додем вале у наомад баъди 1 сол у боз бо хамрохи судичрокунандагон ва фарзандон омад. Вале у ба хона мухточ нест падар ва модари у якчанд хона доранд яъне чои истикомати дорад у мехохад пул руёнад. Саволи ман чунин ки оё ягон илочи халномаи суди оиди маскун карданро бекор карда мешавад?
Салом!
Дар ин маъсала барои пешниҳод додани ҷавоби муфасал мо бояд қарори судро омузем, ва сабаби аслии ба хона барои зиндагони ворид нашудани собиқ оилаатон низ омузем. Нисбати молу мулки падару модараш бошад агар ин молу мулк амволи шахсии волидайни он бошад, Шумо наметавонед, ки ин далелро ассос карда талаботҳои мулкии собиқ оилаатонро аз ҳисоби молу мулки волидайнаш ҳал намоед.
Бо эхтиром,
Хушбахт Давлаткадамов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо