Ассалом. Тибқи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии ҶТ
1. Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст,
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад