Ассалом. Дар моддаи 31 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар бораи асосҳо ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ гуфта шудааст. Тибқи банди 6 қисми 2 моддаи мазкур онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Яъне, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд.