Ассалом. Дар қисми 4 моддаи 26 Кодекси меҳнати ҶТ гуфта шудааст, ки ҳангоми ба кор дохил шудан ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дигар маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди чунин маълумот зарур аст, пешниҳод карда мешавад. Яъне, дар қонунгузории ҶТ пешниҳоди чунин маълумотнома барои баъзе хизматчиёни давлатӣ, барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра уҳдадор карда шудааст. Аз ин бар меояд, ки кормандони ташкилотҳо (ғайридавлатӣ) барои пешниҳод намудани маълумотнома оиди доғи судӣ доштан ё надоштан уҳдадор нестанд. Аз шумо талаб намудани чунин маълумотнома бар хилофи қонун мебошад.