Ассалом. Бале, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз ба кор қабул шудан хатмӣ мебошад. Оиди ин дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №174 гуфта шудааст. Тибқи қисми 2 боби 1 қарори мазкур бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ, бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд.