Ассалом. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳо марбут ба буду боши кӯдакон пас аз ҷудошавии волидайн Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
Масъалаи буду боши кудакон ҳамчун қоидаи умумӣ дар асоси манфиатҳои кудакҳо муайян карда мешавад. Суд барои муайян кардани он ки кӯдак бо кӣ мемонад, омилҳои зиёдеро ба назар мегирад. Масъалан, манфиатҳои кўдак, синну соли кудак, фикри кудак, имкониятҳои падару модар, яъне вазъи молиявӣ, шароити зист, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии волидайн ва ғайра. Хулоса, шумо метавонад пас аз қатъ кардани ақди никоҳ фарзандонро гиред, агар ин ба манфиати фарзандон бошад ва суд муайян кунад, ки шумо барои тарбияи онҳо шароити беҳтаринро фароҳам оварда метавонед. Лекин дар таҷриба ҳаминро бештар мушоҳида кардан мумкин аст, ки кудакҳо то синни 11-12 сола асосан бо модараш мемонанд. Яъне, суд қарор қабул мекунад, ки кудакҳо бо модараш зиндагӣ кунанд.