Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Тибқи қонун табобати гепатит маҷбурӣ ё ихтиёрӣ аст?

Тибқи моддаи 53 Кодекси тандурустии ҶТ шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок уҳдадоранд, бо талаби ташкилотҳои тиббӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва худро табобат кунанд.

Агар шаҳрвандони мубталои бемориҳои дар боло зикргардида аз муоинаи тиббӣ ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо дар беморхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбуран ташхис ва табобат карда мешаванд.

Тибқи моддаи 119 Кодекси маъмурии ҶТ барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ,

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Аз гуфтаҳои боло хулоса карда мешавад, ки табобати вируси гепатит маҷбурӣ мебошад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.