Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Али
14.09.2024
Салом алейкум. Ман Ду бародар дорам. Ман писари хурди мебошам. Ду бародар аз хамсаронаш чудо шудааст ва онхо тарики суд приза карда дар хона маскун шуданистанд. Хона ба Номи Ман мебошад. Онхо ягон хак ва хукук доранд Ки ба хонаи Ман маскун шаванд? Конун дар ин бора чи мегуяд. Охир хона ба Номи Ман аст ку.
Ассалом. Дар таҷриба ҳаминро мушоҳида кардан мумкин аст, ки агар ҳамсарони бародарони шумо 6 моҳ пеш аз ҷудо шудан дар хонаи шумо бо бародаронатон зиндагии якҷоя мебурданд, пас дар ин ҳолат мумкин аст, ки онҳоро ба хонаи шумо маскун кунад. Оиди ин дар қонун мушаххас гуфта нашудааст ва ин аз суд вобастагӣ дорад. Суд метонад маскун кунад ё накунад.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо