Ассалом. Чи хели ки ман фаҳмидам шумо бо зани собиқ ақди никоҳро расман бекор накарда, як зани дигарро расмӣ ё ғайрирасмӣ гирифтаниед? Агар чунин бошад, тибқи қонунгузорӣ ин дузанагӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дузанагӣ ва ё якчанд занагӣ манъ аст. Тибқи моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.”
Яъне, тибқи қонун шахсе, ки ду ва ё якчанд зан дорад метонад ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад.