Ассалом, тартиби пардохти кӯмакпули тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кўмакпулии давлатӣ ба кўдакони то синни 16 сола, ки мубталои ВНМО ва БПНМ мебошанд” амалӣ мешавад. Мувофиқи он андозаи пардохти кўмакпулии давлатӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 7 (ҳафт) нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад. Айни ҳол 1 нишондиҳанда баробар ба 72 сомонӣ мебошад. 7 нишондиҳанда баробар ба 504 сомонӣ.