Ассалом. Тибқи “Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, №116 тасдиқ шудааст, шахсони гирифтори вирусҳои гепатит В ва С аз хизмати ҳарбӣ озод мебошанд. Дар вақти ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ҳамаи онҳо қатъиян аз муоина ва таҳлили озмоишӣ барои муайян намудани вирусҳои гепатитҳои В, С, ВНМО ва бруселлез гузаронида мешаванд. Ҳангоми муайян шудани ин вирусҳо дар комиссияи ташхиси тиббӣ - ҳарбӣ «ҚМ»- қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ хулосабардорӣ карда мешавад.