Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Бахром
15.07.2024
Салом.
Савол оид ба чудо шудани оила.
Бародарам зиёда 4 сол дар дар Россия кор карда богашта омад. Маблағи ҷам кардаашро хона харида бо зан ва духтараш зиндаги мекунад. Дируз занаш мегуяд, ки ман аз Шумо чудо мешавам. Сабабаш ин ки мегуяд ту ба ман маъкул нести. Зиёда аз 12 сол аст ки якҷоя зиндаги мекунанд. Як духтар доранд тамомо . Дигар кудакдор нашуданд. Шояд сабаб ҳамин бошад. Дар вақти ҷудо шудан таксимоти амвол чи хел мешавад. Маблағи хонаро пурра додари ман додааст. То имруз шароити хонаро худаш таъмин мекунад. Оиди тақсимоти амвол дар суд чи хел тақсим мешавад.
Чавобашро интизорам
Ассалом, агар зану шавҳар дар вақти зиндагии якҷоя соҳиби ягон моликият шавад тибқи моддаи 39 Кодекси оилаи ҶТ ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Барои ҳамин ҳамсари бародари шумо ҳуқуқ дорад, ки аз як қисми хонаро талаб намояд.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо