Ассалом, барои кушодани дафтари хавлидорӣ (домовая книга) ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷойи истиқомат бояд муроҷиат кард. Барои кушодани дафтари хавлидорӣ ҳуҷҷатҳои зерин лозим мешавад. Шартномаи хариду фурӯш, шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, шиносномаи техникӣ ва шиносномаи соҳиби моликият.