Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Азиза
10.04.2024
Ассалом Ман дар Россия карор дорам 2 фарзанд дорам бо оилаам чудо 3 Сол боз зиндаги мекунам вакте ариза кардам аз хазор боло расход кардам боз 20 хазор сомони талаб кардан дар конун ин хел тартибро надидам бояд 6 мох барои ошти дихад суд бад хулоса кунад хаминхел не. Ман дар Россия истода чудо шуда метавонам ё не рохашро ба Ман нигох медодед илтимос чихелки Ман хабар дорам 7 нишондиханда бочи давлати зиёд карда шдаст аз ин зиёд набояд гиранд маблаг
Ассалом. Бекор кардани ақди никоҳ ба воситаи суд амалӣ мешавад. Ба суд чунин ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард.
- 2-нусхаи аризаи давогӣ;
- Шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- Нусхаи шиносномаи даъвогар;
- Нусхаи шаходатномаи таваллуди кудак (барои ҳар ду кудак);
- Маълумотнома аз чои зист;
- Расиди боҷи давлатӣ – тақрибан 10 сомонӣ.
Барои бекор кардани ақди никоҳ пули зиёд лозим намешавад. Агар хоҳед, ки аз Россия истода ақди никоҳро бекор кунед, пас шумо ба ягон кас (ҳуқуқшинос, адвокат) ваколатнома равон кунед ва дар асоси ваколатнома шумо метонед ақди никоҳро бекор кунед.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо