Дар моддаи 29 қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” гуфта шудааст, ки шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.
Аз ин бармеояд, ки шумо ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешавед.