Ассалом. Масъалаи мазкур дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, №116 дар бораи “Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ” пешбинӣ шудааст. Тибқи низомномаи мазкур шахсони, ки ба бемории сил (туберкулёз) дучор шуданд ба якчанд категория тақсим шудааст, ки баъзеи онҳо «ҒҚ» - ғайриқобил ба хизмати ҳарбӣ, «МҒҚ» - муваққатан ғайриқобил ба хизмати ҳарбӣ ё «ҚМ» - қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ мебошанд. Агар шумо ба ман хулосаи табиби бемории силро равон мекардед ва баъд ба шумо ҷавоби дурустро медодам.