Ассалом. Агар дар оилаи шумо ягон шахс набошад, ки нисбати модаратон нигоҳубин кунад, пас дар ин ҳолат писаратон метавонад мувофиқи қисми 2 моддаи 31 қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз хизмати ҳарбӣ озод бошад. Агар шумо ё дигар фарзандони модари шумо ё дигар аъзои оилаи ӯ қобили меҳнат бошад, пас дар ин ҳолат писари шумо аз уҳдадории хизмати ҳарбӣ озод намебошад. Дар поён иқтибос аз қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”
1. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:
2) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);