Ассалом. Дар моддаи 30 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар бораи асосҳо барои озод кардани шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ гуфта шудааст. Яъне,
“1. Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:
1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
2) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;
4) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
2. Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:
1) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;
2) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
3) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.”
Дар асоси ин ба маълумоти шумо мерасонам, ки агар писари сеюм уҳдадории ҳарбӣ дошта бошад, пас ӯро низ ба хизмати ҳарбӣ метавонад барад. Сеюм писар аз хизмати ҳарбӣ озод нест.
Ассалому алейкум. Аз як хона дар як вақт чанд писарро ба хизмати ҳарбӣ мебаранд. Мисол:дар хона 3 писар писари дуюм дар хидмат писари сеюмро мебаранд ё не?»