Салом. Оиди саволатон ба маълумоти шумо мерасонам, ки тартиби бақайдгирӣ ва аз қайд баровардан тибқи “Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 июни соли 2014 №406 тасдиқ шудаст, амалӣ мешавад. Тибқи қисми 41 банди 5 қарори мазкур, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд, ки дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ дар қайд бошанд.Тибқи қисми 42 банди мазкур шаҳрвандоне, ки ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатиро тағйир дода, аз қайди ҷойи истиқомати пештара ё аз ҷойи будубоши муваққатии пештара худро баровардаанд, вазифадоранд дар давоми 15 рўз ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар қайди ҷойи нави истиқомат гузоштан ё дар маҳалли будубоши муваққатӣ ба қайд гирифта шудан муроҷиат намоянд. Аз ин бармеояд, ки гарчанде ноҳияи Деваштич ва шаҳри Хуҷанд дар як вилоят қарор доранд, шумо бояд худро дар шаҳри Хуҷанд ба қайди муваққатӣ гузоред.