Ассалом. Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳар як муроҷиат муҳлати баррасӣ дорад. Яъне, муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми сӣ рўз ва муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд. Агар шумо 22 декабри соли 2023 муроҷиат карда бошед, то ҳозира муҳлати баррасӣ тамом нашудааст. Шумо бояд баъд аз 15 январи соли 2024 бори дигар ба МБТИ рафта оиди муроҷиататон пурсон шавед. Агар он вақт низ ба шумо ҷавоб надиҳанд, баъдан метонед шикоят намоед.