Ассалом. Тибқи қисми 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад, амалӣ карда метавонанд. Яъне, барои расман кор кардан бояд иҷозатнома “разрешение на работу”-ро аз вазорати меҳнат бояд гирад ва дар асоси он метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон кору фаъолият намояд.