Ассалом. Тибқи қисми 1 моддаи 46 Кодекси меҳнати ҶТ, шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ баъд аз ба итмом расидани муҳлати он қатъ мегардад. Агар баъд аз гузаштани муҳлат муносибатҳои меҳнатӣ идома ёбад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба муҳлати номуайян идомадошта ҳисобида мешавад.
Яъне, моддаи мазкур мегуяд, ки шартномаи шумо бо ташкилот 1 моҳ пас ба итмом мерасад ва пас аз он директори ташкилот шуморо тибқи фармоиш аз вазифа бо сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ аз вазифа озод намояд. Агар пас аз як моҳ директори ташкилот шуморо аз вазифа тибқи фармоиш озод накунад ва шумо вазифаи ҳаррӯзаи кориатонро иҷро кунед, пас шартномаи шумо бо ташкилот ба муҳлати нав басташуда ба шумор меравад. Оиди саволи, ки директори ташкилотро барои бастани шартномаи меҳнатӣ маҷбур карда метонам ва ё не, чунин иттилоъ медиҳам, ки шумо директори ташкилотро барои бастани шартномаи нави меҳнатӣ маҷбур карда наметонед. Шартнома ин созишномаи ихтиёрии ду тараф мебошад. Як тараф наметонад тарафи дигарро барои бастанаи шартнома маҷбур кунад.