Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом алейкум. Ман айни замон хомиладор мебошам. Як мох пас бояд ба декрет равам. Ман дар ду корхона расман кор мекунам. Ман метонам аз ду корхона пули декрета гирам? Хамин саволба чавоб тен илтимос. Хаки кудакама ба куча напартом, чавоб тен. рахмат

Ассалом алейкум. Оиди саволи шумо ба маълумоти шумо мерасонам, ки тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллудро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014 таҳти №630 танзим менамояд. Мувофиқи қарори мазкур, агар корманд дар ду ҷой кор мекунад, яъне ҷойи кори асоси ва иловагӣ, ки бо музди меҳнат таъмин гардида маблағи андози иҷтимоиро месупорад, пардохти варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҷойи кории асоси пардохт мегардад, вале музди меҳнати тасдиқгардидаи ҷойи кории иловагӣ низ ба ҷойи кории асоси пешниҳод гардида, дар якҷояги ҳисоб карда шуда, аз ҷойи кори асоси пардохт карда мешавад. Яъне, шумо метонед пули ҳомиладорӣ ва таваллудро барои ҷойи кории иловагӣ низ гиред.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.