Ассалом. Оиди ин масъала дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъи ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар санаи 17 апрели соли 1998 таҳти №122 тасдиқ шудааст, гуфта шудааст. Мувофиқи банди 2 Қарори мазкур дар як вақт ишғол намудани ду вазифзи роҳбарикунанда (ба ғайр аз вазифаҳои устоҳо) агар қонунгузорӣ дигареро муқаррар накарда бошад, иҷозат дода намешавад. Ба вазифаҳои роҳбарикунанда вазифаҳои роҳбарони корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва шакли фаъолият, шeъбаҳо, цехҳо, бахшҳо ва ғайра, муовинони онҳо, таалуқ доранд. Дар баробари он ин маҳдудият наметавонад ягон роҳбарро аз ҳуқуқи кор кардан дар вазифаҳои оддӣ маҳрум намояд.
Яъне, шумо ҳамчун директор дар ду ташкилот дар як вақт фаъолият бурда наметавонед. Метонед дар як ташкилот ҳамчун директор ва дар дигар ташкилот ҳамчун корманди оддӣ кор кунед.