Ассалом, барои дақиқ ҷавоб гирифтан ба саволи мазкур хоҳиш менамоям, ки ба ман ба воситаи месенджер (Вотсап ё Телеграмм) ба рақами +992 985 68 59 39 муроҷиат намоед. Баъзе ҳолатҳоро бояд муайян кунам ва баъдан ҷавоби дурустро пешниҳод намоям. Новобаста аз ин, ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар банди “д” қисми 3 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” гуфта шудааст, ки “Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ (20 сол) доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;
Яъне, айни ҳол шумо ҳуқуқи ба нафақа баромадан доред, агар 20 соли собиқаи суғуртавии корӣ (стаж) дошта бошед. Оиди маълумотнома дар бораи рухсатии таваллуд (декрет) ба иттилои шумо мерасонам, ки тибқи моддаи 224 Кодекси меҳнати ҶТ рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак то ба се солагӣ расидани ў рухсатии бемузд бо хоҳиши корманд дода мешавад. Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.