Ассалом. Дар вақти ҷудо шудан (бекор кардани ақди никоҳ) моликияти, ки зану шавҳар дар вақти никоҳ ба даст овардааст ба ду тақсим мешад. Яъне, зан 50% ҳуқуқи гирифтани моликиятро дорад. Ба ғайр аз ин, агар 2 кудак бо шумо зиндагӣ кунанд, шумо ҳуқуқи гирифтани алимент барои 2 кудаки ноболиғ доред. Миқдори алиментро суд муайян менамояд. Агар шумо ҷойи зисти доимӣ дошта набошед, шумо ҳуқуқ доред, ки ба суд оиди маскун шудан муроҷиат кунед. Дар ҳолати, ки суд ҳалнома оиди маскункунӣ барорад, пас собиқ шавҳари шумо уҳдадор мешавад, ки шуморо бо ҷойи зист таъмин намояд.