Ассалом шаҳрванди муҳтарам. Баромадан ба рухсатии меҳнатӣ ин ҳуқуқи корманд мебошад. Равон намудани корманд ба рухсатии меҳнатӣ ин уҳдадории корфармо мебошад. Тибқи қисми 1 моддаи 108 Кодекси меҳнат “Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд”. Яъне шумо хоҳед ё нахоҳед корфармо бояд шуморо ба русатии меҳнатӣ равон кунад. Агар корфармо шуморо ба рухсатии меҳнатӣ равон накунад, дар вақти тафтиши фаъолияти ҶДММ мақомоти давлатӣ метонад корфарморо бо сабаби, ки шуморо ба рухсатӣ равон накард, ба ҷавобгарӣ кашад. Ба ҳамин сабаб ҳатман ба рухсатии меҳнатӣ бароед.