Ассалом, тибқи банди “г” қисми 1 моддаи 24 Федеральный закон РФ "О воинской обязанности и военной службе" шахсони, ки ду ва аз вай зиёда фарзанд дошта бошанд, аз уҳдадории ҳарбӣ ва аз хизмати ҳарбӣ озод мебошанд. Гап дар инҷо фақат дар бораи фарзанд меравад ва дар бораи шаҳрвандии фарзанд намеравад. Хулоса, тибқи қонуни мазкур шумо аз уҳдадории ҳарбӣ ва аз хизмати ҳарбӣ озод мебошед.