Ассалом, тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи ҶТ синни никоҳӣ аз 18 солагӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол (яъне 17 солагӣ) кам кунад. Ин дар асоси ариза дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни 17 солагӣ фаро мерасад.
Яъне шахсе, ки ҳоло 16 сола аст ҳуқуқи бастани ақди никоҳро надорад. Ба додари шумо пешниҳод менамоям, ки то 17 сола шудани духтар интизор шавад. Баъд, ки духтар 17 сола шуд ба суд муроҷиат намояд ва агар суд иҷозат дод, додари шумо метонад бо духтари мазкур ақди никоҳро аз синни 17 солагӣ бандад.